Вокуниш: Дар шароити рӯз, ки ҷаҳонро буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро гирифтааст, ин ҳолат ба домон паҳн намудани терроризму экстремизм мусоидат менамояд. Вақте, ки калимаҳои терроризм ва экстремизмро ба забон меорем, пеши назарамон саҳнаи қатлу куштори одамони бегуноҳ, занону кӯдакон, куҳансолон ва манзараҳои таркишҳои хунбору дигар наворҳои даҳшатангез меояд. Мутаассифона, паси ин ҳама ҳодисаҳои нохуши ба амаломада давлатҳое меистанд, ки аз ин амалҳо манфиат мебардоранд. Бояд дарк намоем ва ҳӯшёр бошем, ки хатари терроризм аз байн нарафтааст ва намеравад. Терроризму экстремизм кайҳост, ки ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва дар дунё ягон давлате вуҷуд надорад, ки аз таҳдиди амалҳои он эмин бошад. Тоҷикистон ҳам аз зумраи чунин давлатҳост. Сокинони мамлакат алакай шоҳиди ваҳшонияти чунин гурӯҳҳои хунхор дар дохили мамлакат гардидаанд. Ба терроризму экстремизм баҳои арзандаро Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додааст: Яъне, террорист Ватан, дин, имон, мазҳаб ва раҳму шафқат надорад. Зеро ӯ террорист аст ва вазифааш қатлу куштор, таркондан ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ мебошад. Онҳо ҳама амалҳои ваҳшиёнаи худро зери пардаи дини мубини ислом ба анҷом мерасонанд, ки ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба паст намудани шаъну шарафи ҳам мусалмонон ва ҳам дини Ислом дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлука овардани одамон равона шуда, тавассути он ба мақомоти давлатӣ фишор оварда мешавад. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатӣ равона карда мешавад. Аз байн бурдани терроризму экстремизм муборизаи дастаҷамъонаи тамоми кишварҳои оламро тақозо менамояд. Чӣ тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, ҳадафи асосии террористон ҷалб намудани ҷавонони ноогоҳ ба сафҳояшон мебошад. Имрӯз вазифаи мо масъулин, ва коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон, омӯзгорон, аҳли ҷамоатчигӣ аз он иборат аст, ки тарбияи насли наврасро яке аз вазифаҳои асоситарини худ бидонем ва насли осебпазирро чунон тарбия намоем, ки онҳо нисбати калимаҳои террористу экстремист нафрати бепоён дошта бошанд. Пас мебояд ҳама чораҳои зауруриро андешида, нисбат ба терроризму экстремизм бетараф набошем ва баро аз байн бурдани ин зуҳӯроти номатлуб аз ҳама роҳу воситаҳо истифода намоем. Фарҳод Давлатов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.
Сабтҳои охирин
Сафари созандаи Раҳбар ва бадхоҳии душманон
Сафарҳои Пешвои миллат ҳамеша бо ҳадафи созандагию бунёдкорӣ ва гулгулшукуфии Ватани ҷоноҷонамон равона шуда, сермаҳсулу пур аз дастовардҳоянд. Ин сафарҳо ҷиҳати табодули таҷриба, сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа саҳмгузор буда, барои боз ҳам дар арсаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву молиявӣ ба пешрафт мувоҷеҳ шудани кишвар имкони воқеӣ фароҳам меоваранд.
БОЗ ЯК МУЛЛОИ ФОСИҚ БО НОМИ “МУЛЛО-ПРОФЕССОР” АЗ ҲИСОР
Навор дар зер аст:
ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД!
ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ СЕМИНАР – МАШВАРАТИ ҲИЗБӢБАРГУЗОР ГАРДИД! Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Маҷлиси Кумитаи Марказии ҲХДТ аз 27 – сентябри соли 2019 барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода – […]