Ба истиқлолияти давлати расидани Тоҷикистон ба мисли ҳамаи ҷамоҳири давлати Шӯравӣ ба ҳамин давраи ҳассоси рушди ҷомеа башарӣ рост омад. Тоҷикистони тозаистиқлол ҳам ба мисли ҳама ҷузъҳои дигари он давлати пошхӯрда ба бӯҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ рӯ ба рӯ омад. Нишонаҳои нахустини ҳолати бӯҳронӣ ҳануз аз соли 1990, ки алакай сиёсати давлати мутамаркази Шӯравӣ заиф гашта буд зуҳур мекард. Ҳодисаҳои солҳои 90 ва 91-и асри гузашта ва оқибат даҳшатҳои соли 1992 барало собит намуданд, ки мардуми Тоҷикистон пеш аз ҳама роҳбарияти он вақтаи ҷумҳурӣ ба чунин гардиши чархи таърих омода набуданд. Тамомои мақомоти марказии давлати дар як муддати нисбатан кӯтоҳ зимоми роҳбарии кишварро аз даст доданд. Соли 1992 гурӯҳҳои тундрави ифротгароӣ Тоҷикистон чун нерӯи қаввии қудратталаб шакл гирифта нерӯҳҳои хостори сохти демократиро канор гузоштанд ва бо истифода аз мавҷҳои бархостаи озодихоҳи ба муборизаи ошкорро баромаданд. Дар натиҷа мардуми аз сиёсат ба низоъҳои хатарноки манфиатдорони дохилию хориҷӣ бехабар ба ду самтгар тақсим шуданд. Дар ду майдони ба ҳам наздики маркази шаҳри Душанбе ки он вақт яке “Шаҳидон” ва дигаре “Озодӣ” номида мешуд, ду гирди ҳамоии бисёр ҳазор нафара ташкил ёфт. Талабу дархостхои мардуми ду майдон комилан муқобили ҳамдигар буд. Бо рух додани чунин ҳолат вазъияти сиёсии пойтахт ва умуман кишвар шиддати бесобиқа пайдо намуд. Айбдоркунӣ ба таҳдидҳои мутақобилаи гирдиҳамо омадагони ду майдон то ба ҳадде шиддат гирифт, ки дигар онҳо гӯшу ҳуши шунидан ва таҳамул кардани алфози ҳамдигарро надоштанд. Ба майдони муборизаҳои сиёсӣ ва мансабталоши кашидани мардуми оддӣ, ки аз умқи сиёсатбозиҳо ва қудратталабиҳои пурхатар ҳеҷ огаҳи надошт яке аз фоҷиаҳои асосии он замон ба шумор мерафт. Аксари муборизони роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ хусусан мардуми оддии гирди ҳам омада гумон ҳам надоштанд, ки кор то ба ҳадди ҷанги бародаркуш мерасад, ба ғайр аз гурӯҳҳои тундрави ифротгаро.
Сабтҳои охирин
Терроризм муборизаи дастаҷаъмонаро талаб менамояд
Имрӯз аз амалҳои фоҷиабори террористию ифротгароӣ дар гӯшаҳоии гуногуни сайёра миллонҳо нафар одамон азият мекашанд. Бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, милллонҳо нафари дигар макону манзили зисташонро тарк карда истодаанд. Зарари иқтисодиву иҷтимоии расонидани террористон ба садҳо миллард мерасад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар баъзе кишварҳо ӣнерӯҳое ҳастанд, ки […]
Ҳар кӣ бохалќи худ душман аст, зуд шарманда хохад шуд …
Ҳизби наҳзати ислом ва роҳбарони он аз ибтидои фаъолияташон бар зидди давлат ва миллат амал карда, ҷиноятҳои гӯшношунидро содир намуданд, ки дар натиҷа Тоҷикистон ба як давлати ҷангзада, ва қашоқ табдил ёфта буд. Вале роҳбари гурезпои ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамаи мусоҳиба ва баромадҳояш як суханро тутивор такрор намуда, худ ва ҳизбашро моҳи бе […]
Раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам аз шомилшавии зиёиён ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстемистӣ хабар дод.
Раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам аз шомилшавии зиёиён ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстемистӣ хабар дод. Амали террористӣ ва ё ифротгаро падидаи номатлуб дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии ин гурӯҳҳо ҷорӣ намудани мақсадҳои ғаразонаи худ буда, хоҳони некию осоиштагӣ ва пешрафти ягон халқияту давлат нестанд. Баръакс бо нишон додани амалҳои ваҳшоният, қатлу кӯштор, […]