Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ МУҲТАРАМ МИРЗОЗОДА МУЗАФФАР БУРҲОН БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2024

Ҳамдиёрони азиз! Мардуми сарбаланди ноҳияи Ховалинг баъди чанде ба соли 2023 падруд гуфта, Соли нави 2024 – умро бо қаноатмандӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз мегиранд. Соли 2023 дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии мамлакат ва мардуми ноҳия ҳамчун соли пур аз воқеаҳои хотирмону фараҳбахш ва соли оғози созандагию […]

Савдо Хабарҳо

ЯРМАРКАИ ИДОНА БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

28 декабри соли 2023 бо иқдому дастгирии Вазири Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро  бахшида ба Соли Нави мелодӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг ярмаркаи маҳсулоти хӯрока барои сокинони ноҳия  доир гардид. Дар кушодашавии ярмаркаи маҳсулотҳои ниёзи аввали мардум  раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон ва дигар роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат […]

Хабарҳо

Ниёзмандонро сарпаноҳ мешавем

Дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд – хислатҳои неки инсонист. Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар доираи чунин […]

Хабарҳо

Терроризму экстремизм кайҳост, ки ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтааст

Вокуниш: Аз байн бурдани терроризму экстремизм муборизаи дастаҷамъонаи тамоми кишварҳои оламро тақозо менамояд. Зеро ҳамагон огоҳӣ доранд, ки ҳадафи асосии террористон ҷалб намудани ҷавонони ноогоҳ ба сафҳояшон мебошад. Калимаҳои терроризм ва экстремизм пеши назари ҳар як инсони соҳибхирад саҳнаи қатлу куштори одамони бегуноҳ, занону кӯдакон, куҳансолон ва манзараҳои таркишҳои хунбору дигар наворҳои даҳшатангезро меорад.  Имрӯзҳо […]

Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

ТАМОШОИ ПАХШИ МУСТАҚИМИ ПАЁМ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

28.12.2023 дар Кохи Сомони пойтахт Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида истодааст. Тамоми  ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Ховалинг ва сохторҳои давлатӣ пахши мустақими Паёмро тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо  карда истодаанд. Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг  […]

Фаъолияти намояндагон Хабарҳо

Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси ваиклони халқи ноҳияи Ховалинг (даъвати шашум) аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул намуд

    Дар таърихи 26 –уми декабри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг (даъвати шашум) баргузор гардид. Дар кори Иҷлосия ба ғайр аз вакилон муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи раиси ноҳия,  намояндагони мақмотҳои ҳифзи ҳуқуқ,  раисони  Ҷамоатҳои деҳот ва  дигар шахсони […]

Хабарҳо

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ- ХАТАРИ ГЛОБАЛИИ ҶАҲОНӢ

Имрӯзҳо дар шабакаҳои YOUTUBE (Ютуб),  FACEBOOK (фейсбук) ва дигар намуди шабакаҳои интернетӣ сомонаҳои гурӯҳҳои  террористю экстримистӣ фаъол гашта, дар як шабонарӯз чандин ҷавоноро  гумроҳ менамоянд. Аз  ҷумла: гурӯҳҳои “ал-Қоида”, “Ҳаракати Толибон”,   “Гурӯҳи исломӣ”,  “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”,  “Давлати исломӣ”,  “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” ва “гурӯҳи 24” фаъол буда,  ҳамарӯза дар шабакаҳои саросари интернет машғул ба […]

Хабарҳо

Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси мувофиқаи бадастомада аз 17 то 23 декабри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар […]

Хабарҳо

Аз ҳар як амали хиёнаткоронаи гурӯҳҳои террористӣ нафрат дорем ва онҳоро маҳкум менамоем

Вокуниш: Вақте, ки оинаи нилгунро тамошо карда, аз шабакаи телевизионии ҷаҳоннамо хабарҳо аз хориҷи кишварро тамошо мекунем ва таркишу куштор, қатлу ғорат, оташзаниву гаравгонгириро дар кишварҳои ҷангзада мебинем, пеши чашмонамон воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузашта меояд. Кишвари биҳиштосои мо низ дар солҳои аввали соҳибистиқол гардиданаш, яъне солҳои навадуми асри гузашта дучори чунин фоҷиаву хунрезиҳо […]

Хабарҳо

Барои аз байн бурдани терроризму экстремизм аз ҳама роҳу воситаҳо бояд истифода намоем

Вокуниш:  Дар шароити рӯз, ки ҷаҳонро буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро гирифтааст, ин ҳолат ба домон паҳн намудани терроризму экстремизм мусоидат менамояд. Вақте, ки калимаҳои терроризм ва экстремизмро ба забон меорем, пеши назарамон саҳнаи қатлу куштори одамони бегуноҳ, занону кӯдакон, куҳансолон ва манзараҳои таркишҳои хунбору дигар наворҳои даҳшатангез меояд. Мутаассифона, паси ин ҳама […]